(4.03.2012)Муносибатхои махрамона дар вакти хомиладори. (Зарурат ё хавфноки?)
Айни замон аз тарафи олимон пахлухои гуногуни муносибатхои махрамона мавриди омузиш ва бахсу мунозирахо гардидааст. Давраи хомиладори ва интизории кудак яке аз даврахои мухими хаёт ба хисоб меравад. Оё акидаи ягонаи тибби вучуд дорад, ки дар давраи хомиладори машгули муносибатхои махрамона шудан мумкин аст, ё не?
Далелхои мусби. Агар мо хохем, ки мохияти ин саволро муайян созем, лозим аст, ки муносибати чинсиро на танхо аз чихати физиологи, балки аз чихати психологи низ тахлил карда тавонем. Кушиши ба ин савол чавоб доданро карда, ду чихати асосии онро чудо намудан мумкин аст. Якум, оё дар вакти хомиладори ба муносибатхои чинси машгул шудан ягон ахамият дорад? Хамин хел акидахое низ вучуд доранд, ки тухмхучайрахои мардона дар таркиби худ луобхо ва хормонхои гуногунро дорад, ки ба организми зан таъсирхои гуногунро расонида метавонад. Аммо аз нуктаи назари илми ахамият ва зарари он ба организми зан тасдики худро наёфтааст. Чихати дуюми он, ин накши психологии хаёти чинси дар давраи хо миладори мебошад, ки максади шахвониятро надорад. Барои зан дар замони хомиладори пеш аз хама дастгирии шахси дустдошта зарур мебошад, зеро вай бо шавхари худ наздиктар будан мехохад. Ва ин омил барои ба савол дар боло омада чавоб додан накши асоси дорад. Барои чи?
Хомиладори рухияи занро тагйир медихад, яъне ба назари вай чунин менамояд, ки ба хотири кудак аз хама чиз – фаъолияти кори, саломати, намуди зохири ва г.-ро курбон кардааст. Вай дар назари худ ночолиб намуда, аз ин вазъияти ба вучуд омада азият мекашад ва ин дар холате мебошад, ки барои у ороми лозим аст. Барои мард бошад, дар ин давра лозим аст, ки ба зан исбот намояд, ки дар хар холат дар канори у мебошад ва хаёти чинсиро нигох дошта, мард ба зан нишон дода метавонад, ки хиссиётхои у нисбати хамсари худ тагйир наёфтаанд. Ин сухбатро давом дода, хаминро боз кайд кардани хастем, ки хатто дар давраи таваллуд мард бояд дар назди хамсари худ бошад, зеро ин яке аз даврахои мушкили зан ба хисоб меравад ва зан аз чихати психологи дилпуриро хис хохад кард.
Агар хамин хел шавад, ки дар давраи хомиладори хаёти чинси бо ташаббуси мард катъ карда шавад ва хатто ин амалро бо максади чавонмарди карда бошад? Хомиладори давраи на он кадар тулони, аммо барои зан мухим ба хисоб меравад. Агар зан ба муносибати марамона машгул нашавад, дар ин холат эхсос менамояд, ки аз кисмати мухими хаёт махрум гардидааст ва ин барои у чарохатнок хохад буд, яъне у худро аз хама чиз дурр хис карда, дар натича гирифтори стресс шуданаш хам мумкин аст ва ин ба системаи масунияти у бетаъсир нахохад буд. Барвакт исбот гардида шудааст, ки махз вазъиятхои ногувор инкишофи чараёнхои омосиро ба вучуд оварда метавонанд.
Аз нуктаи назари психологи, хаёти зан бояд, ки мукаррари бошад. Ин чи маъно дорад? Зани хомиладор шахси бемор ба хисоб нарафта, баръакс мукаррари ва солим мебошад ва аз ин сабаб у бояд, ки мукаррари амал намояд. Хаёти махрамона бошад, кисми чудонашавандаи хаёти у ба хисоб меравад ва дар бораи ин бояд, ки хам мард ва хам худи зан тассавур дошта бошанд.
Хамин тавр ба ин савол и гузошташуда чавоб дода, хаминро кайд намудан лозим аст, ки хаёти чинси дар давраи хомиладои бомаксад мебошад, зеро он дустдоштагонро ба хам наздик менамояд ва барои муносибатхои оилави тахкурсии хуб шуда метавонад.
Далелхои манфи. Аммо алокаои шахвони низ тарафхои манфии худро дошта метавонанд. Дар ин чой низ ду чихатро чудо намудан мумкин аст. Якум, эхтимоли ба сироят гирифтор шудан. Хаминро кайд намудан лозим аст, ки барои саломатии зан ва модари фарзанди худ шавхар бояд масъулиятро хис намояд.
Сабукфикрии мард ба чи оварда расонида метавонад? Гап дар сари он аст, ки сади танофури мухофизии зани хомиладор суст мебошад ва дохилгардии сироят барои инкошофи чанин таъсири манфи расонида метавонад. Аз нуктаи назари духтурон гуфтан мушки ласт, ки чи мухим аст, яъне алокахои чинсии муътадил мухим аст, ё хавфи дохилгардии тухмхучайрахои сироятёфта.
Албатта, ин окибатхои нохушро бартараф намудан мумкин аст. Агар эхтимоли сироят вучуд дошта бошад, пас бояд, ки то хомиладоршави аз назорати тибби гузаштан лозим аст. Инчунин, аз рифола истифода намудан лозим аст, зеро ангезандахои сирояти пеш аз хама дар тухмхучайрахо мебошанд.
Хавфи дигар вобаста бо алокахои чинси дар он аст, ки дар тухмхучайрахои мард ба микдори зиёд моддахое мавчуд хастанд, ки ба тангшавии худи бачадон оварда мерасонад ва агар дар зан хатари катъ кардани хомиладори хавф дошта бошад.
Мавкеи шахвони
Хамин тавр хангоми хомиладори машгул шудан ба муносибатхои махрамона, на ин ки мумкин, балки зарур мебошад. Мухимаш ба эхтиёткории бошуурона риоя намуда, хусусиятхои замонро ба хисоб гирифтан лозим аст.
Дар огози давраи хомиладори, вакте ки шикам ва синаи зан калон нашудааст, зан метавонад, ки ба хар усуле набошад, машгули муносибатхои махрамона гардад. Аммо даврае, ки чанин калон мешаваду, синахо варам мекунанд, мавкеи маъмули «мард аз боло» мавкеи худро аз даст доданаш лозим меояд. Аз ин давра (одатан аз 4 мохаги) сар карда, бехтараш мавкеи дигарро интихоб намудан лозим аст, яъне «зан дар боло» «аз пахлу» ё «аз кафо».
Дар моххои охири хомиладори, вакте ки алокаи шахвони кобили кабул намегардад, бештар мерубониву расиданхо ифодагари мухаббати шумо мегарданд, ки аз ин пас чои алокаи чинсиро мегиранд.
Мухлатхои тибби
Гарчанде акидахои маъмуле вучуд дорад (аммо тасдик нагардидааст), ки гуё муносибатхои шахвони бисёр буда наметавонад ё хангоми то як мох пеш аз таваллудкуни ба он машгулшави гуё таваллудро осон менамуда бошад, аммо чунин тавсия дода мешавад, ки пеш аз як мохи таваллудкуни муносибатхои чинсиро катъ намудан лозим аст. Зеро дар ин давра ба зан оромии комил лозим аст.
Пас аз таваллуд бошад дар давоми 6-8 хафта машгули ин амал шудан лозим нест, зеро осебхои бачадон сихат нашудаанд ва эхтимоли сироятёби калон аст.