Ҷоми ҷаҳонӣ-2014: Неймар ё Мессӣ? Ё Роналдо? (ВИДЕО)

Ҷоми ҷаҳонӣ-2014: Неймар ё Мессӣ? Ё Роналдо? (ВИДЕО)

Имшаб дар Бразилия марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол шурӯъ мешавад. 32 тими қавитарини дунё барои даст ёфтан барои унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон вориди рақобат хоҳанд шуд.

32 тиме, ки дар мароҳили муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ пештоз шуданд ва 32 тими қавитарини футболи имрӯза ба шумор мераванд, таз 12 июн то 13 июл, тайи 31 рӯз барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамони футбол – пуртамошобинтарин навъи варзиши дунёи муосир – вориди майдон мешаванд.

Дар арафаи оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бо истифода аз сомонаҳои http://www.gazeta.ru/brazil2014/ ва http://www.fifa.com/worldcup/index.html чанд маълумоти ҷолиб дар бораи ин мусобиқотро гулчин кардаем.

Ёрони "пир"-и Месси

“Кӯҳансолтарин” тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия тими Аргентина аст, ки синни миёнаи бозигаронаш 29 соли 336 рӯз будааст. Ҷавонтарин тим дар ин мусобиқот тими кишвари африқоии Ғана аст, ки синни миёнааш 25 солу 224 рӯз аст. Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2006 “кӯҳансолтарин” тими Италия буд, вале бо ин вуҷуд итолиёиҳо бо уфтоданҳоу хестанҳо ва таҳрими Зайниддин Зидан ба муноқиша тавонистанд қаҳрамони он мусобиқот шаванд.

Тими Русия бо синни миёнаи 27 солу 357 рӯз аз нигоҳи синну сол дар ҷои 10-ум будааст.

Фарид Мондрагон, дарвозабони Колумбия кӯҳансолтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилия хоҳад шуд. Мондрагон, ки аз соли 1993, инак 21 сол боз дар тими миллии Колумбия бозӣ мекунад, рӯзи 21 июн ба синни 43 мерасад. Соле ки Мондрагон ба тими миллии Колумбия омад, Фабрис Олинга аз тими Камерун, ҷавонтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳамагӣ 1 сол дошт. ​ "Пентакемпион"-ҳо - довталаби рақами 1?

Аммо хушномтарин тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ боз ҳам тими мизбон – Бразилия – аст. Ин тим танҳо кишварест, ки 5 дафъа қаҳрамони дунё шуда, унвони “пентакампеон”(қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад. Бразилия танҳо кишварест, ки дар марҳалаи ниҳоии ҳамаи 20 Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат варзидааст. Бразилия ва ҳамин тавр, Олмон, беш аз ҳар тими дигар – 7 дафъа – ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд.

Босния ва Ҳерзеговина аммо барои бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонӣ меравад ва рӯзи 15 июн дар нахустин бозиаш ба дидори Аргентина хоҳад рафт. Ку бубинем, ки тими Эдин Ҷеко зӯртар аст ё аз Леонел Месси?

Бозигари собиқи тими Бразилия Роналдо бо 15 гол нишонзани аввал дар таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Роналдо кайҳо “бознишаста” шудааст, вале дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳуҷумкунандаи тими Олмон Мирослав Клозе шояд битавонад рекорди ӯро бизанад. Клозеи 36-сола, ки бо 69 гол нишонзани аввал дар таърихи тими миллии Олмон ба шумор меояд, то ҳол дар марҳалаҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ 14 тӯб задааст ва танҳо гол кофист, ки ба рекорди Роналдо бирасад ва як голи дигар, ки ӯро пушти сар гузорад. Албатта, агар Клозеро ба маҳзи синнаш дар хараки бозигарони эҳтиётӣ нигоҳ надоранд.

Ба бовари бисёриҳо, сарнавишти Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 бештар дар дасти ситораҳои аввал аст ва ба онҳо бастагӣ дорад, ки бо чӣ омодагиву чӣ табъе ба майдон мебароянд. Португалия ба Криштиано Роналдо умед бастаасту Бразилия - ба Неймар, Аргентина – ба Леонел Мессӣ ҳолланд бо ситораҳои қадиму як каме дигар як каме "солхӯрда"-аш - Уэсли Снайдер, Ари Роббен ва Робин Ван Перси, Олмон бо сутунҳои туркиаш - Масъуд Ӯзил ва Самӣ Хидира - ва Испания – ба сели ситораҳое, ки аз “Реал”“Барселона” ва “Атлетико” ҷамъ овардааст.

Ин аст ки вақте хабари лат хӯрдани Роналду баромад, тамоми Португалия барои шифои ӯ даст ба дуо кушода буд. Ваё рӯзе ки ба иллати лат хӯрдан Френк Рибери аз ҳайати тими миллии Фаронса ва Радамел Фалкао аз тими Колумбия ихроҷ шуданд, ин ду кишвар дар баробари ин ду бозигар ба мотами саросарӣ нишаст.

Қимор -2014

Ширкатҳои букмекерӣ бештар аз ҳама рӯи пирӯзии тими Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонӣ - 2014 ҳисоб мекунанд. Аз ҷумлаи ширкати William Hill пирӯзии мизбони мусобиқоти имсоларо бо коэффисиенти 4,00 ҳисоб мекунад. Шонси тими Аргентинаро букмекерҳо 5,50 ва аз Олмонро 6,50 баровард кардаанд. Дар муқоиса бо онҳо шонси қаҳрамони кунунии ҷаҳону Аврупо – тими Испания – ҳамагӣ 7,00 ҳисоб шудааст.

Шонси аз ҳама камтаринро, ки 2501,00 баровард шудааст, дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ ба тими Коста-Рика додаанд. Аммо агар раваду ин тим қаҳрамон шавад, касе барои пирӯзии он пул монда бошад, дар як лаҳза миллионер мешавад. Коэффисиенти тими Русияро, ки асосан аз ҳисоби бозигарони қаҳрамонии футболи худи Русия такмил шудаву ситорае дар сатҳи футболи ҷаҳонӣ надорад, ширкатҳои букмекерӣ 67,00 баровард кардаанд ва ин нишон медиҳанд, ки умеди чандоне ба пирӯзии ин тим надоранд.

Ин дар ҳолест ки дар Душанбе бисёре аз мусоҳибони Озодӣ мегӯянд, дар Бразилия барои тими Русия мухлисӣ хоҳанд кард. Назари мухлисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонӣ-2014-ро инҷо тамошо кунед:

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎